БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲИЗБ

А.ҶОМӢ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №1 ва №2 муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Назокат Қосимова бо хонандагони  синфҳои болоӣ, ки аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан " мебошанд,  вохӯриҳои судмандро  баргузор  карданд.

Зимни суханрониҳои хеш, Назокат Қосимова  оид ба масъалаҳои ҳуввияти миллӣ, ба дониш фаро гирифтани наврасону ҷавонон, омӯхтани илмҳои талаботи замон,боз ҳам бештар мутолиа намудани китобҳои бадеиву ва ҷалби онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", шомил нашудани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, риояи таъмини иҷрои қонунҳои сифр миллӣ, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва ғайра дигар масъалаҳо андешаронӣ карда, хонандагонро барои аз бар кардан и илму дониш, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg