Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ ва таъмини дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назарас аст.
Эмомалӣ Раҳмон
АНДЕША. Ҷавонон нерӯ ва тавоноии бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб намудаанд.
Оре, ҷавонӣ маҷроест пуртуғён, хаёлест пур аз шодиву фараҳ, лабрез аз розу ниёз, меҳру муҳаббат ва орзуву нишоти ширин. Дар ҷавонӣ илм омӯхтан ҳамчун нақшест бар рӯи санг гузошта, ки бардавому устувор хоҳад монд. Ин гуфтаҳоро аксари ҷавонони кишвар дарк карда, бар он мекушанд, ки дар даргоҳи илму маърифат аз илмҳои муосири замона бештар бархурдор шудаанд дар амал татбиқ намоянд. Ба омӯзиши илму дониш майл кардани ҷавонон далели он аст, ки онҳо хуб дарк кардаанд, ки шахси боилму маърифат дар ҳама ҷо соҳиби иззату икром аст ва чун хуршедест, ки атрофиёнро бо нури маърифат гармӣ мебахшад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташақкули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Мутафаккири барҷаста Ҳусайн Воизи Кошифӣ чунин зикр намудааст: « Омӯхтани илм, махсусан пайвастагии илму амал муҳимтарин рукни ахлоқиву фалсафавии ҷавонмардон аст». Ҳатто дар боби ҷавонию ҷавонмардӣ дар ҳадисҳои набавӣ низ гуфтаҳои хеле пурмазмун оварда шудаанд. Роҷеъ ба моҳияти давраҳои ҷавонӣ ва неъматҳои худовандӣ панду ҳикматҳои арзишманд басо фаровонанд. Чунончи, донишманде перомуни ин мавзуъ фармуда: «Нерӯи ҷавонӣ неъматест, ки бар ҳама як бор ҳадя шудаасту он тарбия пазирад».
Воқеан ҳам, пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳарчи бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкории эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷи калон дорад. Шароити имрӯзаи кишвар талаб менамояд, ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намуда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи онҳоро баҳри фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва маданият равона созем. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ягон натиҷаи назаррас ноил гардидан гайриимкон аст. Ғайр аз ин, насли ҷавони кишвар дар амалисозии табаддулоти иҷтимоӣ, таъмини инкишофи иқтисодӣ ва рушди техникии мамлакат манбаи асосии инсониро ташкил намуда, нерӯи эҷодӣ, қувваю тавон ва зиракии онҳо дар таъмини инкишофи устувори ҷомеа аҳамияти бузург ва ҳалкунанда дорад.
Бо ин нерӯи бузург фаро гирифтани ҷомеа ҳалли мушкилоти он ва истифодаи оқилона аз ин натиҷаи стратегии миллӣ баҳри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муҳим аст. Агар давлати мо аз назари иҷтимоӣ яке аз давлатҳои ҷавон маҳсуб гардад, пас мо таҳти мафҳуми “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама, “мушкилоти ҷавонон”- ро ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намоем.
Имрӯзҳо кӯшиши аҳолӣ дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккул ва боло бурдани маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз маҳсуб мегардад. Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар манотиқи олам ба вуқуъ мепайвандад, баҳои воқеъбинона дода, мавқеи худро дар он дақиқ муайян намоем. Шахсан ман гуфта метавонам, ки имрӯз мо, насли ҷавон бояд, он эътимодеро, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат, Президенти кишвар нисбати мо ҷавонон дорад, ҷавобгӯ бошем ва ин аз мо масъулияти баландро дар назди Ватан-Модар ва ҷомеаи азизамон талаб менамояд ва моро вазифадор месозад, ки бо нерӯи созандаву бунёдкор паи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар давлатҳо зина ба зина боло бардорем.
Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлатӣ соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.
Ҳамин тариқ, ба маврид аст бигуем, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо воқеан ҳам метавон давлати муқтадиру тавоно бунёд кард, чун, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон ҷавононро ояндаи миллат медонанд, ки ин моро водор месозад, то бо маърифату ҷавонбинии васеъ баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат саъй намоем. Маҳз ин аст, ки мо пайгири суханҳои сарвари давлат ҳастем. Мо ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ояндаи наздик Точикистони азизамонро гулгулшукуфон намуда, аз пешрафти илму техника баҳрабар шавем, мисли давлатҳои абарқудрат пешсаф бошем. Бояд ҳар яки мо ҷавонон пайваста аз паи дарёфти илму дониш ва амали неку росткорӣ қарор дошта бошем, зеро ояндаи кишвари маҳбубамон дар дасти мо ҷавонон аст.
Камолиддинзода Ҷомӣ, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара