БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРАНД

ҶАЙҲУН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдулоеев Муҳаммадҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ ба роҳ монда шуд.

Масъулин ҳангоми суҳбат ба сокинон иброз доштанд, ки самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани чанд ҳосил яке аз вазифаҳое мебошад, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди деҳқонон ва кишоварзон гузоштаанд. Кормандони соҳаро лозим аст, ки барои дар амал татбиқ намудани ин супориши муҳим камари ҳиммат баста, софдилона заҳмат кашида, ҳосилро безарар ҷамъоварӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки кормандони Кумитаи иҷроия ҳамарӯза бо тариқи “хона ба хона” ва дар саҳро бо сокинон вохӯриҳо доир намуда, зарурат ва аҳамияти истифодаи заминро дар соли душвори буҳронӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо мефаҳмонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg