БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУКТАҲОИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН ШАРҲ ДОДА МЕШАВАД

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  шарҳу  тавзеҳи нуктаҳои  Паёми  Пешвои миллат    муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  мардум  фаҳмонида истодаанд.

Масъулини ташкилоти   ибтидоии кормандони  “МНДСЭ”-и ноҳияи Носири Хусрав суҳбату  вохӯриҳо баргузор  намуда, нуктаҳои  асосии  Паёми  имсола  ва  супоришҳои  Пешвои  миллат   фаҳмонида  дода, қайд  намуданд, ки  дар  Паёми имсолаи худ  Президенти  мамлакат  қайд  намуданд, ки  мо  имрӯз  шукрона  мекунем, ки  аз  оғози   моҳи январи соли ҷорӣ  дар кишварамон  бемории  сироятии  КОВИД-19  аз  байн  рафтааст. Лекин  ин чунин  маъно надорад, ки  мо  ба  саломатии  худ  ва атрофиёнамон бепарвоӣ  зоҳир  намоем, балки  чун  пештара  бояд ҳушёр  бошем, ба  қоидаҳои  беҳдошти  шахсиву ҷамъиятӣ эътибори  ҷиддӣ  диҳем. Вазифаи  назоратро  ба  талаботи  замони муосир мутобиқ  гардонидани  шароити  муассисаҳои  тиббӣ ноҳия ва  пешгирии саломатии  мардум мебошад.    Сатҳи  огоҳии   сокинонро  оид ба  пешгирии  беморӣ,  ба  роҳ  монда, қоидаҳои беҳдошт  ва корҳои  созандагиву  ободонӣ, амалӣ намудани  аксияҳои  ҳизбии «Якҷоя  месозем!» фаҳмонида  дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg