
Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.
Ин навбат санаи 16 апрел кормандони ҳизбӣ дар маҳаллаи “Наврӯз” Ҷамоати деҳоти “Фирӯза” –и ноҳия бо усули “Хона ба хона” бо сокинон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, ба онҳо нуктаҳои Паёми имсоларо шарҳу тавзеҳ дода, сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти аслии он дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа муфассал сухан гуфта, қайд намуданд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат аз дастовардҳои кишвар дар ҳамаи бахшҳои ҷомеа ва бунёди иқтидорҳои нав дар ин соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ёдовар шуда, қайд намуданд, ки бо хотири афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ, ҳифзи амнияти озуқорӣ ҳар як оила оиди истифодаи самараноки замин ва захираи кардани маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор гардиданд.
Сипас, сокинон гуфтаҳои Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои татбиқи онҳо иброз доштанд.