
Н. ХУСРАВ. Вобаста ба иҷрои супоришҳои мақомоти болоии ҳизб бо мақсади баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо усули «хона ба хона» ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон масъулини Кумитаи иҷроия ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба деҳаҳои ҷамотҳои деҳот рафта, аз ҳар як оила дидан намуда, ба онҳо барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
Ин навбат масъулин аз хонаҳои сокинони деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯза дидан намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромада, сокинон фаҳмониданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2021 ба роҳ монда шавад.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини деҳот аз замину об самаранок истифода бурда, захираи маводи хӯрокаро афзун намуда аҳли оилаи худро аз норасогии маводи ғизои танқисӣ ва муҳтоҷӣ эмин нигоҳ дорад.