БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби пешбаранда ва нерӯи муттаҳидсози ҷомеа

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалитяноки фаъолияти  ҲХДТ- ҳизби  созандаю  бунёдкор   корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеи ҷавонон  дар  татбиқи  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Идораи  хоҷагии  манзилию комуналӣ”  вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё иштирок  дошта,  оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ -ҳизби   созандаю  бунёдкор андешаронӣ карда, таъкид  намуд, ки  дар  баробари дигар  омилҳои  хатарзо ба  генафонди  миллат паҳншавии  бемориҳои  сирояткунанда,  махсусан ВНМО/АНМО-ВИЧ/СПИД  ва  Гепотити  С бисёр  ташвишовар  аст. Раванди  афзоиши  ин  бемориҳо боиси  ташвиши  чомеа  гардидааст. Вазифаи  ҳар  як  фарди  ҷомеа, бахусус  аъзои  ҳизб   пешгирӣ аз майл  ба  фарҳанги  бегона, баланд  бардоштани  манфитҳои  миллӣ,  тарбияи  насли ҷавон  буда,    мо  масъулини соҳа  ва  фаъолони  ҳизб бахусус  кормандони Муассисаи  давлатии хоҷагии  комуналии ноҳияро зарур  аст, ки  бо  мардум дар  маҳалҳо   ҳамкориро  густариш   диҳем,  иртиботи  худро  бо  сокинон  пурзӯр  намоем ва  онҳоро   дар  самти  татбиқи ҳадафҳои  стратегии  давлату  Ҳукумат, ободонию  созандагӣ    равона  созанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg