МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Тутуи ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис, шарҳу тавзеҳи мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, муҳтавои семинар-машварати кишоварзони вилоят, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муқовимат бо коррупсия, тақвият бахшидани роибта бо маҳал, рушду равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ карда шуданд.