БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

Н. ХУСРАВ.  Дар  асоси  дастуру  супоришҳои  мақомотҳои  болоии  ҳизб масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  тарғибу  ташвиқи озмунҳои  ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст», «Тоҷикистон-Ватани  азизи  ман!» ва  «Илм-фурӯғи маърифат»  миёни  хонандагони  муассисаҳои  тахсилоти  миёнаи  умумии  ноҳия пайваста  доир гардида истодааст.

Масъулини  Кумитаи  иҷроия бо  хонандагони  синфҳои  болоии  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  № 18-и   деҳаи   Бешкент вохӯрию  суҳбатҳо  баргузор намуда, мақсади  озмун,  аз ҷумла баланд  бардоштани   завқи  китобхонӣ,  тақвияти  неруи  зеҳнӣ, дарёфти  чеҳраҳои  нави суханвару  сухандон, арҷ  гузоштан  ба  арзишҳои  миллию  фарҳангӣ, инкишофи  қобилияти  эҷодӣ  буданашро  фаҳмонида, номинатсияҳои  он,  давраҳои  баргузорӣ ва  талабот  ба  иштирокчиёни  онро  шарҳу доданд.

Корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар  ҳамаи  муассисаҳои таълимӣ, миёни   кормандони  фарҳанг ва  дигар  табақаҳои  аҳолӣ  бо  маром  идома  доранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg