БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ШАҲРИ ГУЛҲОЮ ҶАВОНӢ

Н. ХУСРАВ.  Бахшида  ба  рӯзи  «Пойтахт»  мизи  мудаввар  бо  иштироки  ҷавондухтарони  ноҳияи Носири Хусрав  баргузор  гардид.  Раиси  Кумитаи  иҷроия  Ализода  Сурайё  мизи  мудавварро  ифтитоҳ  бахшида,  қайд  намуд, ки пойтахти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  шаҳри  Душанбе  воқеан  ҳам тайи   солҳои ахир ба  яке  аз марказҳои  пешрафтаи  диданӣ  табдил ёфта, биноҳои  сарбафалаку замонавиаш ба  ҳусни  шаҳр зебоии  дигареро замн  намудаанд. Гулкориву хуррамгардонӣ тавъам  бо  дарахтони  ҳамешасабзаш, шиору овезаҳои  ҳунарҳои  мардумӣ  касро  руҳу ҳаловати тоза  бахшида ҳар  бинандаро мафтуни  худ мегардонад.

Гуфтан  ба  маврид  аст, ки  шаҳри  Душанбе макони асосии  мулоқоту эҷоди ходимони  илму фарҳанг ва  санъати  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил маҳсуб  мешавад ва  ин  бори  дигар аз  доштани  фарҳанги волои як  миллати соҳибтамаддун ба  оламиён  дарак  медиҳад.  Қайд  кардан  ба  маврид  аст, ки  соли  2021 пойтахти  давлати  тоҷикон  шаҳри  Душанбе ҳамчун  пойтахти  фарҳангии  Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил эътироф  шудааст, ки  ин ифтихори  ҳар  як  тоҷику  тоҷикистонист.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg