
ХУРОСОН. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Раҷабзода Курбонгул ва дигарон аз рафти корҳои ободонии ноҳияи Хуросон, аз ҷумла сохтмони чоҳи оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия, ки бо дастгирии Аҳмадзода Илҳом аз масофаи 12 километр оби поку софи чашмаи деҳаи Чинортути ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо қубури пластикӣ оварда мешавад, дидан намуданд. Инчунин, аз хоҷагии фермерии «Бибиӯзбакбӣ”, ки саҳмдоронаш ба парвариши боғу токзор машғул ҳастанд ташриф оварда, аз рафти корҳои кишоварҳӣ дидан карданд. Иқдоми дигари раиси ноҳия таъмини пурраи деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ғаллаобод ва Қизилқалъа бо оби нӯшокӣ, яъне таъмиру азнавсозии 3 километр қубурҳои обгузар, ки таи солҳои охир бекор хобида буданд, таъмиру тармим гардида, аҳолӣ ва заминҳои кишоварзии ин деҳаҳо бо оби мусаффо таъмин гардиданд. Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар рафти суҳбат саҳмгузории Аҳмадзода Илҳомро дар рушди маҳал шоистаи таҳсин хонда, ба ӯ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар ин раванд ҳайати корӣ аз хоҷагии деҳқонии “Ҷаббор”-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, ки 6 га замини киштро дар ихтиёр дорад, бо рафти корҳои обчакорию гармхонаҳо шинос шуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ба шахсони масъул маслиҳатҳои муфид доданд.