БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИРО САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДА, ОИЛАИ ХЕШРО БО МАВОДИ ҒИЗОӢ ТАЪМИН МЕНАМОЕМ...

ВОСЕЪ.  Дар асоси супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб ва бо мақсади иҷроиши ҷадвали баргузори мулоқоту суҳбатҳо ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки  заминҳои наздиҳавлигӣ, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 15.04.2021 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷомоати деҳоти А.Рӯдакӣ бо усули «Хона ба хона» аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.

Зимни сӯҳбат бо сокинон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ иброз намуданд,  ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сокинон дастур доданд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва корам, самаранок истифода баранд. 

Бояд қайд намоем, ки сокинони ҷамоати мазкур аз аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода намуда, дар заминҳо ҳамаи намуди маводи ғизоӣ дида мешуд.

Зимни сӯҳбат сокинони ҷамоати номбурда қайд карданд, ки бо самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ мо метавонем захираҳои маводи ғизоиро афзун намуда аҳли оилаи худро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем ва дар ин ҳол буҷаи оилаи худро низ метавонем ғанӣ гардонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg