
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати мутолиаи китоб ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” мунтазам дар байни хонандагон ва дигар табақаҳои аҳолӣ корҳои таблиғотӣ мебаранд.
Намояндагони ҳизбӣ ин навбат дар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 бо хонандагони синфҳои болоӣ корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, онҳоро барои хондани китоб ва иштироки фаъолона дар озмунҳои мазкур ҳидоят намуданд.