
ХОВАЛИНГ. Санаи 16 – апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таълимии №9 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мулоқот бо хонандагони ин муассиса баргузор карда шуд.
Зимни баргузории мулоқоти мазкур масъулин оид ба моҳияти иштироки хонандагон дар озмӯнҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” – ро ба хонандагон шаҳр доданд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки ғолибони озмунҳои номбурда бе имтиҳони санҷишӣ ба дилхо донишгоҳҳои кишвар қабул карда мешаванд.
Дар охири чанде хонандагон ба кормандон саволҳо дода ба саволҳои додаи худ чавобҳои қаноатбахш гирифтанд.