
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рӯзи 16 апрели соли 2021 аз ҳолати истифодабарии заминҳои Президентии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо дидан намуда, ба заминистифодабарандагон оиди дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, аз он рӯёнидани ҳосили баланд ва аз як замин рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил суҳбат намуданд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки сокинон аз заминҳои Президентӣ, хоса аз заминҳои обёришаванда самаранок истифода менамоянд.
Дар суҳбат заминистифодабаранда Сайнеъмон Мирзоев ( дар акс) қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар замини дар ихтиёрдоштааш аз картошка сар карда тамоми номгӯи маҳсулотро кишт намудааст, ки нашъунамои хуб доранд.