
ФАРХОР. Санаи 16 – апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таълимии №25 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мулоқот бо хонандогони синфҳои болоӣ баргузор карда шуд.
Зимни баргузории мулоқоти мазкур масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба моҳияти иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи суҳби доноӣ китоб аст”, Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва озмунҳои ҳизбӣ, ки таҳти унвони Мо бо шумоем барои маюбон пешбини шудааст бо хонандагон шарҳ дода, ба онҳо гуфта шуд, ки ғолибони озмунҳои номбурда бе интиҳони санҷишӣ ба дилхоҳ донишгоҳҳои кишвар қабул карда мешаванд.