БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАХС АРҶ ГУЗОШТАН БА АРЗИШҲОИ МИЛЛИРО БЕДОР МЕКУНАД

ФАРХОР. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №17 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ятимова Рухшона  мулоқот бо хонандогони ин муассиса баргузор карда шуд.

Зимни баргузории мулоқоти мазкур Ятимова Рухшона моҳияти иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи суҳби доноӣ китоб аст”, Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ва “Илм фурӯғи маърифат”-ро  шарҳ дода, ба онҳо гуфт, ки ғолибони озмунҳои номбурда бе имтиҳони санҷишӣ ба дилхоҳ донишгоҳҳои кишвар қабул карда мешаванд. Ҳамзамон, ин озмунҳо дар шахс завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, суханварию сухандонӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллиро бедор мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg