БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАСБОМӮЗӢ САТҲИ БЕКОРИРО КОҲИШ МЕДИҲАД

АНДЕША. Инсониятро зарур аст, ки дар шароити ҳозира барои гузаронидани рӯзгораш даромаде дошта бошад ва он даромад ҳамаи хароҷотҳои ӯ ва аҳли оилаашро расонад. Ҳатто оддитарин ҳунар метавонад ҳар як соҳибкасбро хӯронаду пӯшонад.

Аз сабаби надоштани касб, машғул набудан ба коре ҳар як нафар метавонад ба роҳи хато равад. Аз ин лиҳоз дар ҷомеаи имрӯза падару модар ва сардорони ҳар як оиларо зарур аст, ки аъзои оилаи худро дар роҳи донишандӯзиву омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намоянд, то ин ки дар овони наврасӣ ба омӯзиши касбе машғул шаванд. Аёми ҷавонӣ бо ширинии давронаш тезгузар буда, дар ҳолати фориғболӣ ҳар як нафар метавонад, ки бе ҳунар ё касб шавад, ки ин раванд то охири ҳаёташ ӯро азият медиҳад. Ҳатто аз ҳама касби оддӣ ин пойафзолдӯзӣ аст, ки метавонад нафари соҳибкасбро бо даромаде таъмин намояд.

Баъзан нафарон ба он назаранд, ки дар ҷомеаи мо кор нест ё даромад нест гуфта, ба ҷойе саъйю талош намекунанд. Дар ҳар як шаҳру навоҳӣ Литсейҳои касбӣ- техникӣ, шуъбаҳои шуғли аҳолӣ ва меҳнат ва дигар ташкилотҳое ҳастанд, ки барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон новобаста аз синну сол фаъолият менамоянд. Ин сохторҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба ҳар як нафар касб меомӯзанд ва ба онҳо шаҳодатнома медиҳанд. Дар ҳолати омӯзиши касб дилхоҳ нафар метавонад барои пешбурди зиндагии худ даромаде ба даст биорад.   

Шароити муосири имрӯза ҳатто ба нафароне, ки дар хона нишастанду дастрасӣ  ба интернет доранд метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоӣ касб ё ҳунареро омӯзанд. Дар ҳақиқат бештар корбарони шабакаҳои интернетӣ барои оне, ки маводҳои онҳоро бештар инсонҳо бинанд ҳамагӯна омӯзиши касбро навор гирифта пахш намудаанд. Яъне агар завқи кор кардан ва омӯзиш дар нафари бе шуғл бошад метавонад дар кӯтоҳтарин фурсат касберо аз худ намояд.

Роҳи дигари касбомӯзӣ дар он аст, ки бе харҷи маблағ ҳар як нафари бе шуғл метавонад назди ҳунарманде ҳамчун ёрдамчии озод кор карда, баъдан нозукиҳои касби ӯро аз худ намояд. Фақат майлу рағбат ва талоши ҳар як нафар қодир аст, ки ӯро ба мақсадҳояш расонад.

Сафаралӣ Мирзоев,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg