
КӮЛОБ. Бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишию машваратӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни семинари мазкур, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Дилноза Шоева қайд намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи суханварию сухандонии ҷавонон семнари мазкур минбаъд бо фарогири мавзуъҳои мухталифи рӯзмарра аз ҷониби ҳар як аъзои намояндаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир хоҳад гашт.