БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ...

ДӮСТӢ. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Саидқурбон Юсупов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 бо хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони шуҷоъ мулоқот доир намуд.

Дар рафти суҳбат оид ба озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон- Ватани азизи ман!" ва озмунҳои ҳизбӣ, ки таҳти унвони "Мо бо Шумоем" барои маъюбон пешбинӣ шудааст, инчунин маҳфилҳои қироати шеър аз ашъори Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии шоири бузург ва Қаҳрамони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба хонандагон фаҳмонида шуд. Дар идомаи суҳбат аз ҷавонон хоҳиш намуданд, ки дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзанд. Ҳамзамон, нафароне, ки синнашон ба 18-солагӣ расидааст, дар интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 18 апрел баргузор мегардад,  иштирок намуда,  овози худро ба номзади арзанда диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg