
ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон се нафар маъюбон Таварализода Ёқубҷон Мирзоназар аз деҳаи Даҳана, Сайфиддинова Шакира аз ҷамоати шаҳраки Обикиик ва Ғаниева Мудариса аз дехаи ба номи Ф.Ғаниев аёдат карда шуда, ба ҳар яки онҳо бо дастгирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор Сангилло аробачаҳои маъюбӣ кумак карда шуд. Ин иқдоми инсондӯстонаи ҳизбиёнро оилаи маъюбон идомаи дастгириву ғамъхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ арзёбӣ карда ба ташкилкунандагони ин амали хайр изҳори миннатдорӣ баён доштанд.