БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУЛПАРВАРОН БАРОИ ЗЕБОГИИ ДИЁР ҲИССА МЕГУЗОРАНД

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Восеъ аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии Сайаҳмади Камол дар ҷамоати деҳоти Тугарак боздид ба амал оварда, бо фаъолияти гулпарварон сабзишу нашъунамоӣ гулҳои зебо аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар назди гармхона парвариши гулҳои ороишии навъҳои гногунро роҳандозӣ кардааст, ки айни замон нашъунамои хуб дорад. Дар маҷмӯъ шумораи  умумии  гулҳои парваришшуда зиёда аз 800000 донаро ташкил дода,  дар он 12 намуди  гулҳои ороишӣ нигоҳубин карда мешавад.

Кормандони гармхонаи мазкур ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Восеъ  Сафар Ҳафиза Разоқ иттилоъ доданд, ки гулҳои ороишӣ аз моҳи апрел мешукуфад ва то фасли зимистон зебову шукуфон боқӣ мемонад.

Гулҳои ороишии номбурда асосан барои зебу зиннат додани кӯчаву гулгашт ва майдонҳои фароғатӣ истифода гардида, аллакай барои дастрас намудани он аз саросари ҷумҳурӣ дархост фиристода шудааст.

Ногуфта намонад, ки дар ин гармхона 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 50 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg