БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГӢ ИН ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН АСТ

ВОСЕЪ. Мардум хуб дарк кардаанд, ки дўст доштани замин, истифодаи самараноки он беҳтарин роҳи раҳоӣ аз буҳрони молӣ ва сарфаи хароҷот дар оила мебошад.

Кормандони техникии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МТМУ№10»-и ноҳияи Восеъ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин, дар замини назди ташкилот картошка кишт намуданд ва имрӯз бехи онҳоро нарм карда, аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Зимни суҳбат бо кормандон масъули ҳизбӣ иброз намуданд, ки истифодаи самараноки замин боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила мо бояд сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча заминро самаранок истифода барем ва ба ин васила шароити зиндагии худро беҳтар намоем. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ эътибори махсус зоҳир намуда, ҳар порча заминро самаранок истифода барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg