БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҲФИЛИ ШЕЪР ВА ДОСТОНСАРОӢ АЗ АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ДАНҒАРА. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани 110 - солагии Қаҳрамони халқи тоҷик, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ноҳияи Данғара  миёни хонандагони синфҳои болоӣ  маҳфили қироати шеър ва достон ва ашъори Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Нахуст, суханро дар ин чорабинии фарҳангӣ  директори муассисаи мазкур  Ҳамидова Назрбӣ  ифтитоҳ бахшида, аз ҳаёту зиндагии шоир ба ҳозирин ибрози ақида намуд.  Дар ин маҳфил намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок намуда, ба ҳунари рассомии хонандагон, қироати шеърхонӣ, достонсароӣ, саҳнача, рақсу сурудҳои дилниш баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg