БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ – КАЛИДИ БАХТУ САОДАТ

ҶАЙҲУН. Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як гӯшаи диёрамон обод карда шуд.

Сокинони деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ дар ноҳияи Ҷайҳун шоҳиди боз як ободкорӣ гардиданд. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Ҳемократии Тоҷикистон ва раиси деҳаи Сомонӣ Иблоев Сайалам ҳудуди 560 метр роҳҳои байни деҳаи Сомонӣ сангфарш карда шуда, сокинони деҳаи болозикр аз ин амали нек ва хайру савоб шоду масрур гардида, дар тахту ҳамвор кардани роҳ кумаки хешро расониданд. Онҳо ният доранд, ки баъд аз ба сомон расидани корҳои сангфаршкунӣ бо дастгирии соҳибкорони дохилӣ дар ҳудуди деҳа як бунгоҳи тиббиро сохта ба истифода медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg