Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти Истиқлол хониши сиёсӣ баргузор намуда, дар он нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба дарки сокинон расониданд.
Масъулин вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои пешрафта, таъсири бемории сироятии коронавирус дар рушди иқтисоди давлатҳои сайёра, сатҳи огоҳии онҳо оид ба пешгирии беморӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ, амалӣ намудани аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» , «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳадафи Роҳбари давлат баланд бардоштани сатҳу саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷ гузоштан ба забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон дар кишвар мебошад.