Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дастгирии сокинони деҳаи Корвони Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳашари дастаҷаъмонаи ҷвшнӣ» баргузор намуда, барои беҳтар шудани шароити зист ва наздик шудани роҳи кӯдаконашон ба мактаб як пули одамгузар бунёд намуданд.