Н.ХУСРАВ. Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид. Маҷлиси Раёсат таҳти раисии Ализода Сураё Ҷӯра бо иштироки аъзои раёсати Кумитаи иҷроия ва даъватшудагон доир гардида, раиси Кумитаи иҷроия оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар семоҳаи якуми соли 2021 ва натиҷаҳо барои оянда ҳисобот дод.
Ҳамчунин, аз натиҷагирҳои баргузории Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати ташкили корҳои ободонию созандагӣ ташаббускориҳои аъзои фаъоли ҳизбӣ вакилони аз ҳизб пешбаришуда ва ҷалби саховатмандон дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таъмири пул, обёрикунонӣ, тозакунии гирду атроф ва фаъолсозии сокинон дар корҳои ободонӣ ахборот пешниҳод гардид.
Дар фарҷом Ализода Сураё қайд намуд, ки итминони комил дорем, ки дар ин соли муборак – соли истиқбол аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мо – аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба фаъолияти худ неруи тоза бахшида, беҳтар аз пештар ҷиҳати ташвиқоти ғояҳои созандаи ҲХДТ ва таъмини ҳаёти осудаи мардум талош меварзем.