Н. ХУСРАВ. Кормандон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо наврасону ҷавонони деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти Истиқлол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Масъулин ба ҷавонон вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои пешрафта, таъсири бемории сироятии коронавирус дар рушди иқтисоди давлатҳои сайёра, сатҳи огоҳии сокинонро оид ба пешгирии ин беморӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқу замин, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ, татбиқи Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» , «Якҷоя ҳал мекунем!» фаҳмонида, қайд намуданд, ки давлату Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии ҷавонон ва дар навбати аввал, наврасон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпароварӣ, рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишварамон пайваста талош меварзад. Соли сипаришуда озмунҳо, аз ҷумла “Тоҷикистон- Ватани азизи ман!” ва “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” баргузор гардиданд. Бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Или- фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.
Ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварамон боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Масъулин ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки ба мову Шуморо зарур аст, ки дар амалӣ намудани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созанда ва хониши аълои худ дар таъмини рушду устувори иқтисоди кишварамон саҳми шоиста гузорем.