БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ- РАҲНАМО БА ФАРДОИ ПУРСАОДАТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо ҷавонони  деҳаи  Олтинсойи  Ҷамоати  деҳоти Истиқлол дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 7 суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуданд.

Масъулин  ба  ҷавонон вазъи  мураккаби  сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоии  давлатҳои  пешрафта, таъсири  бемории  сироятии коронавирус  дар   рушди иқтисоди  давлатҳои сайёра, сатҳи  огоҳии   сокинонро  оид ба пешгирии  ин беморӣ, ташаккули тарзи  ҳаёти  солим, истифодаи  самаранок  ва сарфакоронаи неруи  барқу замин, ба  роҳ  мондани  корҳои  созандагиву ободонӣ дар доираи Аксияҳои  ҳизбии «Якҷоя  месозем!» , «Якҷоя  ҳал  мекунем!»-ро фаҳмонида  қайд  намуданд, ки  ҳадафи Роҳбари  давлат  баланд бардоштани  сатҳи  саводу  маърифатнокии    ҷавонон ва  дар  навбати  аввал, наврасон, тақвияти ҳисси  миллӣ, ватандӯстиву ватанпароварӣ, рушди  илмҳои  дақиқу  табиӣ  дар  кишварамон  мебошад.  Бо  мақсади  боз  ҳам бештар  ба  омӯзиши  илмҳои  риёзиву дақиқ ва  табиӣ  ҷалб намудани  онҳо олимону  муҳаққиқон ва  устодону омӯзгорон ҳамасола  озмуни  ҷумҳуриявии  «Или- фурӯғи маърифат»  гузаронида  мешавад.

Масъулин ба  ҷавонон  муроҷиат  намуда,  таъкид  карданд, ки  ба  мову  Шуморо  зарур  аст, ки  дар  амалӣ  намудани  дастуру супоришҳои аз  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бароянда сарҷамъ  бошем ва  бо  кору  амали  созанда    ва хониши  аълои худ  дар  таъмини  рушду  устувори иқтисодии  кишварамон саҳми  шоиста  гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg