ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ бо усули “хона ба хона” дар байни сокинони деҳаи Саримазори Ҷамоати шаҳраки Ховалинг суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Дар суҳбатҳо қайд гардид, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ҳам ба буҷаи оила ҳам ба буҷаи давлат фоида мерасонад.
Дар ин рӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тавонистанд, ки дар 30 оила чунин суҳбати муфидро гузаронида, соҳибхонаҳоро аз харҷи беҳудаи барқ, ки бар зарари буҷаи оила мебошад, огоҳ созанд ва онҳоро ба сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд.