БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ МИЁНИ ҶОМЕА

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва шарҳу эзоҳи моҳияти аксияҳои ҳизбӣ, сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаёти солим” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба мавзуҳои болозикр ибрози андеша намуда, баён доштанд, ки сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ дар ташкилот ва хонадони ҳар як сокини кишвар  ин ифодагари арҷгузории мо ба заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буда, ҳамзамон сарфи маблағи буҷаи оилавӣ мебошад. Дар мавриди истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва махсусан замини дар назди бинои кории муассиса буда, ба роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур дастур дода шуд, ки ҳарчи зудтар дар он маҳсулот кишт намояд.

Дар охир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилот дидан намуда, ба шахсони масъул барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта  маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg