БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъол гардонидани шаҳрвандон дар корҳои ҳизбӣ

КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор суҳбату вохӯрҳои нақшавии худро  гузаронида истодааст. Зимни вохӯрӣ  дар ташкилоти ибтидоии “КАТС” оид ба шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, семинар-машварати  кишоварзони вилоят, огоҳонидани мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, бегонапарастӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ андешарони сурат гирифт.

Масъулин мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, дар мавзӯи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, ба иштирокдорон расониданд.

Инчунин, дар  вохӯрӣ ба  иштирокчиён маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас  карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg