БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОБИҚАДОРОН БО ТУҲФАҲОИ ҲИЗБӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик бо аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намоядагони ҳизбӣ оид ба натиҷаи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Кушониён, деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Инчунин, барои эҳтирому арҷгузорӣ ба Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ҳизбӣ ба раиси собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Ҳомидов Шариф туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷамоати шаҳрак ба якчанд нафар фаъолон ва собиқадорон сипосномаҳо тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg