ПАНҶ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” пайвсата миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, силсилавохӯриҳо доир гардида истодаанд.
Ин навбат, аз ҷониби Сайдамир Ғафуров корманди ҳизбӣ вобаста ба моҳияти озмунҳои мазкур бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ Сайдамир Ғафуров қайд кард, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ бо дастуру сарпарастии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида истодаанд.
Дар заминаи ин ҳозирин даъват гарждиданд, ки дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба ин васила донишу малакаи худро такмил диҳанд.