НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва намонядагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 бо хонандагон ва омӯзгорон вохӯрӣ дар мавзуи “Фарҳанги истифодабарии технологияҳои итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ” доир гардид.
Сараввал Фирдавс Ғафурзода ба сухан баромада, оид ба тарзи дуруст истифода намудани технологияҳои итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, қайд кард, ки дар асри бистуяк пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад. Вале дар баробари ин бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернет риоя карда шавад. Ҳоло тадқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва хатто ба безурётӣ оварда мерасонад.
Ҳамзамон, Хайруллозода Баҳодур оид ба ин масъала чунин қайд намуд, ки асри ХХI барҳақ қарни технологияҳои компютерӣ ва телеиртиботҳои электронӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин, аксаран онро садаи «рақамӣ» меноманд. Муқовимат нишон додан ба компютеронии ҷамъият кори бемантиқ аст ва модоме ки чунин бошад, талабот ба мутахассисоне, ки технологияҳои иттилоотиро хуб медонанд, дар тамоми ҷаҳон рӯз аз рӯз бештар мегардад. Истифодаи воситаҳои иртибот ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ дар тайёр кардани мутахассисон ҷои махсусро ишғол мекунад. Технологияҳои иттилоотӣ аллакай оламро тағйир додаанд ва дар минбаъд дигаргунсозии он нақши калидиро бозида истодаанд.