ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон ба сухан баромада, бо ҷамъомадагон атрофи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуданд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба аҳамияти азнавсозии иншооти гигиенӣ-ҳоҷатхона ва ҳаммом бо усули дренажӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва манзилҳои истиқоматӣ бо сокинони ин деҳа суҳбат карда шуд.
Пас аз суҳбат сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ машғул гардида, зиёда аз 1200 метр роҳи байни деҳаро сангфарш намуданд.