ЁВОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади ташкил ва баргузор намудани курси омӯзишӣ барои ҷавонон зери унвони “Созандагони Ватан” таҳия гардида, курси мазкур оғоз карда шуд.
Аввалин курси мазкур дар мавзӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи навини давлатдории тоҷикон ба роҳ монда шуд. Курси омӯзишӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат оғоз гардида, доир ба мавзӯи пешниҳод шуда, ба шунавандагони курс маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар курси омӯзишии “Созандагони Ватан” зиёда аз 30 нафар шунаванда аз Коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷамъ омаданд. Дар фарҷоми дарси нахустин аз ҷониби шунавандагон доир ба мавзӯи пешниҳодшуда ба омӯзгор (лектор) саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.