ЁВОН. Дирӯз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Кумитаи иҷроияи бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия Раҳматуллоев Мақсуд оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, инчунин аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз Аксияҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Нозиров Хайём баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар бораи фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баромади Буриев Маҳмаддовуд, Кенҷаев Раҷабмурод, Раҷабова Муҳайё, Давлатов Фарҳод ва Тангирова Ҳурринисо шунида шуд.
Дар охир Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба сухан баромада, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро таъкид намуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешем ва дар ин давра корҳои ободонию созандагиро хуб ба роҳ монем.