ДӮСТӢ. Дар доираи ҷадвали суҳбату вохуриҳои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул бо интихобкунандагони деҳаи Қубодиёни ҷамоати деҳоти Деҳқонобод вохӯрии навбатӣ гузаронида шуд.
Раиси ситоди пешазинтихоботӣ Қурбонов Абдулҳафиз ба сухан баромада. Дар бораи баргузории интихоботи миёнадаврӣ, нақши ҲХДТ дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти Барномаи ҲХДТ-ро ба ҳозирин шарҳ дод.
Сипас, аз ҷониби шахси боэътимоди номзад шарҳи ҳол ва фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии Одиназода Ҳуснигул ба интихобкунандагон шинос карда шуда, гуфта шуд, ки самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ин дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мусоидат намудан дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва рушди соҳаи кишоварзиро дар бар мегирад. Дар навбати худ сокинон мулоқоти судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, афзуданд, ки дар интихоботи миёнадаврӣ ба номзади ҲХДТ овоз медиҳанд.