ДӮСТӢ. Бо иштироки раиси Ситоди пешазинтихоботӣ ва шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Балхӣ-30”, Одиназода Ҳуснигул бо интихобкунандагони деҳаи Зафарободи Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Иистиқлолияти Тоҷикистон доир карда шуд.
Вохӯрии мазкурро раиси Ситоди пешазинтихоботӣ Қурбонов Абдулҳафиз оғоз бахшида, оид ба баргузории интихоботи миёнадаврӣ, ҳадафу маром ва Барномаи ҲХДТ бо ҳозирин суҳбат кард. Сипас, аз ҷониби узви гурӯҳи таблиғотӣ, муаррифнома ва фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзад Одиназода Ҳуснигул ба интихобкунандагон шарҳ дода шуда, қайд гардид, ки самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, дастгирии мутахассисони ҷавон ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занони хонашинро фаро гирифта, баҳри пешрафт ва рушди маҳал нигаронида шудааст.