БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ДӮСТӢ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Бобоева Гулнора, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Раҷабзода Қурбонгул, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддин Балхӣ №30” Одиназода Ҳуснигул Раҷаб ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот  Бобоева Гулнора, Абдулҳаев Маҳмадсаид баромад намуда, ҳадафу маром ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, муаррифнома ва фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзадро ба самъи иштирокдорон расониданд. Сипас, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддин Балхӣ №30” Одиназода Ҳуснигул оид ба нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии худ дар самти мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву нуфузи омӯзгор дар ҷомеа изҳори ақида намуд. Вохӯрӣ бо пешниҳоду дархостҳои интихобкунандагон анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg