ДӮСТӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 вохӯрии номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ доир гардид, ки дар ин вохурӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Бобоева Гулнора, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул ва аъзои Ситод иштирок доштанд.
Вохӯриро шахси масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз оғоз намуда, Бобоева Гулнора баромад намуда, ҳадафу маром ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, муаррифнома ва фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзадро ба самъи иштирокдорон расониданд. Дар идомаи вохӯрӣ Одиназода Ҳуснигул бо интихобкунандагон суҳбати самимӣ доир намуда, вобаста ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии худ, аз ҷумла оид ба самаранок истифода кардани заминҳои корами обӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаро гирифтани ҷавондухтарон ба мактаб ва касбомӯзӣ дар деҳот, инчунин оиди дастгирӣ намудани ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ саноатикунонии мамлакат ибрози андеша карданд.