ВОСЕЪ. Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад, афзуд мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Солиҳов Фаррух дар вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ кормандони соҳаи маориф низ иштирок намуда, қайд карданд, ки тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини неки ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад.
Инчунин, қайд гардид, ки маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд дар тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеа созанда бошанд.