ВОСЕЪ. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Бибинисо ва мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Сайёра Ҳусейнова семинар-машварат дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллаву деҳот” бо раисони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Нахуст Сафар Ҳафиза Разоқ семинар-машваратро оғоз бахшида, моҳияти баргузории семинари омӯзиширо ба ҳамагон фаҳмонид.
Баъдан Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, зимни суханронии хеш иброз намуд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои ҳар нафар шараф ва ифтихор аст. Бинобар ин ҳар як аъзои ҳизбро зарур аст, дар амалисозии ҳадафҳои олии Роҳбари давлат ва пешрафту шукфоии ин сарзамин саҳмгузор бошад.
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар идомаи сухан атрофи дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҳизбиён – ташкили утоқи раиси кумитаи маҳалла, дӯкони фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сохтани иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ, усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, аз ҷумла тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати аъзои ҳизбӣ андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати татбиқи аксяиҳои ҳизб даъват ба амал овард.
Дар охир якчанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ ва собиқадорон барои фаъолияти пурсамар бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардонида шуданд.