БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДИИ ДИЁР АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

ВОСЕЪ.  Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроиия ҲХДТ  дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Бибинисо, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Ҳатлон Сайёра Ҳусейнова, волонтёрон ва аъзои фаъоли ҲХДТ   аксияи ободонӣ баргузор гардид.

Зимни аксия сокинон дастаҷамъона ба ҳашар баромада,  ҷӯйборҳоро аз партову алафҳои бегона тоза карда, бехи дарахтонро нарм ва  роҳраву кӯчаҳоро рӯбучин намуданд.

Ҳамзамон,  иштирокдорони аксия иброз намуданд, ки дар чунини аксияҳо фаъолона иштирок намуда, дар ободиву зебогии ноҳия дар оянда низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg