ВОСЕЪ. Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ғамхорӣ фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ, бахусус маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ дар маҳаллаи ба номи Зубайдулло Абдуллоеви ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ як оилаи ниёзманд ва маъюбро аёдат намуда, ба онҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ расониданд. Шахсони ниёзманди ҷомеа аз ин иқдомӣ неки ҳизбиён руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ баён доштанд.