БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

БОХТАР. Муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бо хонадагони синфҳои болоӣ, хусусан бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №15 вохӯрӣ доир намуданд.

Нахуст, директори муассиса Мӯсоев Мансур бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, мақсаду ҳадафҳои вохӯрӣ ба ҷамъомадагон фаҳмонид.

Сипас, Қурбонзода Наргис  дар баромади хеш доир ба масъалаҳои мубрами рӯз  ибрози ақида карда, гуфт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф, махсусан ба саводнокӣ ва донишомӯзии насли наврас таваҷҷуҳ дошта, барои баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, тадбирҳои заруриро андешида  истодааст.

Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасу ҷавонро ояндаи давлату миллат унвон карда, ба онҳо эътимоду боварии калон доранд. Метавон, таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллатро  дар баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон –Ватани азиз ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” қайд намуд. Маҳз, ташаббуси саривақтии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки  аксари қишри ҷомеа имрӯз ба китобхонӣ рӯ овардаанд,  гуфт Неъматулло Иброҳимзода зимни суханронӣ дар мулоқот .

Ҳамзамон,  дар вохӯрӣ  дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён мавриди баррасӣ қарор дода шуда, инчунин, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ муҳокима гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg