ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Матлуботчиён” оид ба баррасии суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа кишвар ва оид ба муҳтавои семинар машварати кишоварзони вилояти Хатлон вохӯрии судманд доир гардид.
Масъулин зимни баррасии суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа кишвар ва семинар машварати кишоварзони вилояти Хатлон инчунин, дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ боиси беҳбудии сатҳи зиндагонии мардум ва баланд гаштани маърифату маданияти халқи тоҷик дар арсаи байналхалқӣ андешаронӣ намуда, таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иклим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсоният сухан намуданд.