ЁВОН. Чанде қабл дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа, имомҳои масҷиди панҷвақта, падару модарон иштирок намуданд.
Нахуст, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Исломиддин дар ҳошияи суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон махсусан, сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, анҷом додани корҳои савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитри рӯза ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия андешаронӣ карданд.